ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Русия дар Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Майдони Сурх бар пояи тандиси Минин ва Пожарский гулчанбар гузошт.
Дар ин маросим ҳамчунин патриархи Русия ва Маскав Кирилл, роҳбари яҳудиёни Руссия Берл Лазар, раҳбари буддоиҳо Дамба Аюшеев, раҳбари Шурои муфтиёти Русия Равил Айнуддин, ҳамчунин аъзои Шурои раисҷумҳур дар умури байналмилалӣ ва намояндагони созмонҳои ҷавонони Русия ширкат карданд.
Ҳифзи кишвар вазифаи асосии давлат ва мардум аст, гуфт Владимир Путин ҳангоми иштирок дар маросими ботантана дар Кремл.
Ҳамчунин дар табрикоти худ Владимир Путин аз таърихи ин рӯз ёдовар шуд, хабар медиҳад РИА Новости.
"Чор аср пеш худи мардум зидди ошӯб ва беҳокимиятӣ баромаданд, муҷозоти дохилӣ ва таҳдиди беруниро паси сар карданд ва барои истиқлолияти кишвар мубориза бурданд",- гуфт вай.
Ба гуфтаи вай, дар таърих ин гуна ҳодисаҳо зиёданд.
"Ваҳдати миллат ва ватандӯстӣ барои миллат дар солҳои мушкил ва муаян кардани самтҳои асосии густариши кишвар муҳим буд",- қайд кард раисҷумҳури Русия.
Аз соли 2005 сар карда дар Русия рӯзи ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад.