ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Ҳафтаи ҷарроҳии дил миёни кӯдакон ва наврасони 18-солаи гирифтори бемориҳои нуқсони модарзодии дил ҷамъбаст гардид. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Хотиррасон менамоем, ки аз 25 октябр то 3 ноябри соли равон бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумаки Фонди хайриявии "Лона", инчунин зери сарпарастии Муассисаи "Муҳаммад бин Рошид ибни Мактум"-и Амороти Муттаҳидаи Араб дар Маҷмааи тандурустии "Истиқлол" гузаронидани ҷарроҳиҳои дил миёни кӯдакон ва наврасони то 18-сола ба таври ройгон сурат гирифт.
Бино ба иттилои манбаъ, иқдоми мазкур бо мақсади дастгирӣ ва кумак ба нафарони камбизоат рӯи даст гирифта шуда, баҳри баргузор намудани ҷарроҳиҳои дил ва солимгардонии кӯдакону наврасони то 18-сола зиёда аз 23 нафар мутахассисони варзидаи соҳаи ҷарроҳии дилу рагҳо аз 13 кишвари ҷаҳон, аз қабили Арабистони Саудӣ, Канада, Судон, Австралия, Покистон, Ҳиндустон, Миср ва ғайра ҷамъ омаданд. Ҳамчунин зимни гузаронидани ҷарроҳиҳо миёни кӯдакону наврасони гирифтори бемориҳои нуқсони дили то 18-сола мутахассисони варзидаи тоҷик низ ҷалб гардиданд.
Бояд зикр намуд, ки дар ин ҳафта зиёда аз 60 нафар, ки аз бемории нуқсони модарзодии дил зери хатар қарор доштанд, ба тариқи ройгон ва дар сатҳи баланд ҷарроҳӣ карда шуданд.
Ба иттилои дастрас, тайи як ҳафтаи ҷарроҳиҳо миёни кӯдакону наврасони гирифтори бемориҳои нуқсони дил 400 нафар аз ташхиси тиббӣ гузаронида шуда, дар ин давра нафарони зери хатар қарордошта ҷарроҳӣ карда шуданд.
Манбаъ хабар дод, ки давраи навбатии ройгон ҷарроҳӣ намудани кӯдакони камбизоати гирифтори бемории нуқсони модарзодии дил моҳи феврали соли 2018 сурат хоҳад гирифт.