Беш аз 5 ҳазор низомӣ бо мушакҳо ба Тоҷикистон меоянд

© Sputnik / Серикжан КовланбаевУчения ОДКБ Боевое братство-2017
Учения ОДКБ Боевое братство-2017 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар панҷ ҳарбмайдони Тоҷикистон размоиши нерӯҳои кишварҳои узви СПАД доир мешавад

ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бо ширкати беш аз панҷ ҳазор низомӣ размоиши ҳарбӣ баргузор мешавад. Дар ин бора роҳбари ситоди муштараки СПАД Анатолий Сидоров хабар дод.

Размоиши ҳарбӣ даҳ рӯз давом карда аз 10 ноябр оғоз ва 20 ҳамин моҳ анҷом меёбад. Гуфта мешавад, ки ин тамриноти низомӣ дар панҷ ҳарбмайдони Тоҷикистон бо истифодаи қувваҳои ҳавоӣ ва мушакҳо гузаронида мешавад.

"Қарор аст, ки дар ин размоиш беш аз панҷ ҳазор сарбоз ширкат карда аз нерӯҳои ҳавоӣ, техникаҳои бешумор ва мушакҳо истифода шавад",-шарҳ дод Сидоров.

Пештар хабар дода шуд, ки дар ҳудуди чаҳор кишвари узви СПАД, размоиши "Боевое братсво-2017" баргузор мешавад. Қисми интиҳоии ин размоиш дар Тоҷикистон гузаронида хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0