Раисии Маҳмадаминов дар яке аз бахшҳои Ҳамандешии СММ

© Фото : Информационная служба МИД РТПостоянный представитель РТ при ООН Махмадамин Махмадаминов
Постоянный представитель РТ при ООН Махмадамин Махмадаминов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маҳмадамин Маҳмадаминов намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ дар Ҳамандешии сатҳи баланд "Ҳамбастагии ҷаҳонии энержӣ: Пешбурди Ҳадафҳои Рушди Устувор" суханронӣ кард

ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ВКХ, ин Ҳамандешӣ рӯзи 1 ноябр баргузор шудааст.

Рӯзи 1 ноябри соли 2017 дар қароргоҳи СММ, намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов дар Симпозиуми сатҳи баланд таҳти унвони "Ҳамбастагии ҷаҳонии энержӣ: Пешбурди Ҳадафҳои Рушди Устувор" ширкат ва суханронӣ кард.

Ин Ҳамандешӣ бо  ташаббуси Департаменти СММ оид ба масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ (UN DESA) гузаронида шудааст.

"Намояндаи доимии Тоҷикистон яке аз бахшҳои чорабинии мазкурро раисӣ намуда, зимни ҷаласа оид ба иқтидору зарфиятҳои энергетикии Тоҷикистон ва аҳамияти рушди соҳаи мазкур барои кишвари мо маълумот дод", — омадааст дар хабарнома.

Ёдоварӣ мекунем, ки Маҳмадамин Маҳмадаминов нахустин намояндаи Тоҷикистон аст, ки дар даврони истиқлоли кишвар ва 25 соли узвият дар Созмони милали муттаҳид ба чунин мақоми баланд дар ниҳодҳои асосии СММ мансуб шуда буд.

Намояндаи доими Тоҷикистон дар Созмони милали муттаҳид Маҳмадамин Маҳмадаминов муъовини раиси Шурои иқтисодӣ ва иҷтимоъии СММ (ECOSOC) барои иҷлоси соли 2018 интихоб шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0