Шариф Назаров қайд кард, ки то ҳадаф фақат як гом мондааст.
"Ҳамааш дар дасти шумо аст. Мо аз шумо пирӯзиро интизорем, ман бовар дорам, ки футболи Тоҷикистон аз сар ном мебарорад ва маҳз шумо он нуқтаи охиринро хоҳед гузошт", — гуфт ӯ пеш аз бозии тақдирсоз.
Даври ниҳоии Ҷоми АКФ-2017 миёни қаҳрамони Тоҷикистон "Истиқлол" ва тими Ироқ "Эйр Форс" рӯзи 4 ноябр дар варзишгоҳи Ҳисор баргузор мешавад.