Ба гузориши хадамоти матбуотии раисҷумҳур, сафари кории Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар Тоҷикистон имрӯз анҷом ёфт.
Пеш аз сафар ба Туркманистон Эмомалӣ Раҳмон ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар боғи Бӯстонсарои ҳукумати кишвар дар Варзоб гашут гузор карданд.
Сайру гашти меҳмон дар фазои гарму самимӣ ва дӯстию бародарӣ ҷараён гирифт. Ба меҳмон намунаи гулҳои ороишӣ ва буттаву дарахтони гуногун, сабзавоту меваҳои тару тоза ва шаҳдбори Тоҷикистон, хушкмеваҳо, нону кулчаҳо, анвои дигар ва таъомҳои хушлаззати миллӣ намоиш дода шуд, ки писанди меҳмонон гардид.
Сарони давлатҳо дар Бӯстонсарои беруназшаҳрии ҳукумат, воқеъ дар ноҳияи Варзоб гашту гузор ва суҳбати озоди дӯстона намуда, аз табиати сабзу ҳавои тозаи Тоҷикистони офтобӣ дар фазои орому босубот ҳаловат бурданд.
"Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аз меҳмоннавозии гарми анъанавии тоҷикӣ, ки аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон зоҳир гардид, қаноатманд шуданд", — омадаааст дар хабарнома.