Тиҷорату иқтисод: дидори Рустам Солӣ бо Октай Асадов

© Фото : Аз равобити умумии ВУХ ҶТВохӯрии Сафир бо Раиси Миллӣ Маҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон
Вохӯрии Сафир бо Раиси Миллӣ Маҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон Рустам Солӣ бо раиси Миллӣ Меҷлисӣ (Парлумон)-и Озарбойҷон Октай Асадов дидор кард

ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Дар ин бора равобити умумии ВУХ ҶТ, хабар медиҳад.

Ба гузориши манбаъ, дар рафти мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро баррась кардаанд.

"Аз ҷумла ҳамкориҳои байнипарлумониро мавриди муҳокима қарор доданд", — омадааст дар хабарнома.

Ҷонибҳо аз рушди мусбии динамикии муносибатҳои гуногунҷанбаи ду кишвар ёдовар шуда, ҳавасмандии хешро ҷиҳати густариши муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Озарбойҷон, зарурати фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди минбаъда ва таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ иброз доштанд.

Ҳамчунин сафири тоҷик ва раиси Парлумони Озарбойҷон масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавиро муҳокима кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0