ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Бино ба гузориши Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар саросари кишвар ҳаво тағйирёбанда ва бебориш мешавад.
Тибқи маълумоти обуҳавошиносони кишвар, дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки бебориш пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония вазида, ҳарорат дар водиҳо рӯзона ба 23-28 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки бебориш пешбинӣ мегардад. Ҳарорат дар ғарби вилоят рӯзона 16-21 дараҷа ва дар шарқи он 4-9 дараҷа гарм мешавад.
Обуҳавошиносон дар вилояти Суғд ҳавои абрноки бебориш пешбинӣ менамоянд. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 11-16 ва рӯзона 15-20 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрноки бебориш, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона ба 6-11 ва рӯзона ба 24-29 дараҷа мерасад.
Обуҳавошиносон дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки бебориш пешгӯӣ менамоянд. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония вазида, ҳаво шабона 7-9 ва рӯзона 27-29 дараҷа гарм мешавад.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, аз имрӯз то 5 ноябри соли равон дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид дар назар дошта шуда, пастшавии ҳарорат бештар дар ноҳияҳои вилояти Суғд пешгӯӣ мешавад.
Бино ба иттилои манбаъ, дар вилояти Суғд ва як қатор навоҳии вилояти Хатлон шамоли сахт бо суръати то 12-17 метр дар як сония вазида, ҳарорат рӯ ба пастшавӣ меорад.