ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Интиқоли пулии муҳоҷирони тоҷик афзоиш ёфтааст. дар ин бора раиси Кумитаи молия ва иқтисод дар рафти нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон хабар дод.
Вай гуфт, ҳаҷми интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирони корӣ ба Тоҷикистон нисбати ба соли гузашта 18 дарсад афзудааст.
Вай афзуд, интиқоли пулӣ аз ҷониби муҳоҷирони корӣ аз хориҷа дар 9 моҳи соли гузшта 1 миллиарду 400 миллион доллар буд. Имсол бошад, ин нишондод ба 1 миллиарду 700 миллион расидааст.
Ба гуфтаи Шариф Раҳимзода, афзоиши интқоли маблағ аз ҷониби муҳлҷирон ба Тоҷикистон бо рушди иқтисод дар Русия бастагӣ дорад.
Дар соли 2016 муҳҷирон ҳамагӣ ба Ватан 1 миллиарду 432 миллион дулори амрико маблағ равон кардаанд, ки ин нишондод нисбат ба солҳои гузашта пасттарин буд. Коршиносон коҳишёбии интиқоли пулии муҳовҷиронро ба Тоҷикистон ба бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ рабт дода буданд.
Пештар хабар дода шуд, ки арзиши патент барои муҳоҷирон дар шаҳри Маскав гарон шуд.
Маҷлиси намояндагони шаҳри Маскав дар ҷаласае, ки 25 октябр баргузор шуд, тарҳи афзоиши 7-дарсадии арзиши патентро тасвиб кард. Аз ин пас муҳоҷирони корӣ барои дарёфти муваҷҷизи кор дар шаҳри Маскав бояд моҳона 4 500 рубл пардохт кунанд.
Ин иқдом бо пешниҳоди шаҳрдори Маскав Сергей Собянин сурат гирифтааст.