Эмомалӣ Раҳмон бо вакилони Парлумони Аврупо мулоқот кард

© Дафтари матбуотии раисҷумҳури ТоҷикистонМулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо вакилони Парлумони Аврупо
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо вакилони Парлумони Аврупо - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷонибҳо соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, гуманитарию фарҳангӣ ва сиёсию амниятиро аз самтҳои ояндадори ҳамкорӣ номида, барои баҳрабардорӣ аз имкониятҳои истифоданашуда дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф, рушди деҳот, бахшҳои истеҳсолии иқтисод изҳори андеша карданд

ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати вакилони Парлумони Аврупоро таҳти роҳбарии хонум Иветта Григулле Петерс, ки бо мақсади иштирок дар ҷаласаи 6-уми Кумитаи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе қарор доранд, ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, дар ҷараёни мулоқот ҳамкории Тоҷикистон бо Парлумони Аврупо, масъалаҳои рушди ҳамкории байнипарлумонӣ ва натиҷаҳои ҷаласаи шашуми Кумитаи байнипарлумонии Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда шуд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон Иттиҳоди Аврупоро аз ҷумлаи шарикони муҳимми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ номида, аз сатҳи имрӯзаи муносибатҳои гуногунҷанба изҳори қаноатмандӣ кардааст.

Ҷонибҳо соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, гуманитарию фарҳангӣ ва сиёсию амниятиро аз самтҳои ояндадори ҳамкорӣ номида, барои баҳрабардорӣ аз имкониятҳои истифоданашуда дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф, рушди деҳот, бахшҳои истеҳсолии иқтисод, аз ҷумла энергетика, нақлиёт ва кишоварзӣ, ба хотири густариши муносибатҳо изҳори андеша карданд.

Рахмон совершил хадж умра в Мекке - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон бори чорум чеҳраи асаргузори ҷаҳони Ислом шуд

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон манфиатдор аст, робитаҳояшро бо Парлумони Аврупо дар масъалаҳои такмили парламентаризм, волоияти қонун, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва пешбурди зина ба зинаи ислоҳоти демократӣ минбаъд ҳам густариш диҳад.

Зимни мулоқот ҷонибҳо ба масъалаҳои мусоидати Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон дар татбиқи Стратегияи миллии рушди кишвар то соли 2030 ва Барномаи бисёрсолаи индикативии Иттиҳоди Аврупо барои давраи то соли 2020 аҳаммияти хосса зоҳир карданд. Татбиқи амалии Даҳсолаи нави байналмилалии "Об барои рушди устувор" ва "Стратегияи таҷдидшудаи Аврупо барои Осиёи Марказӣ" барои минтақа муҳим арзёбӣ карда шуд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масъалаҳои муборизаи муштарак бо таҳдиду хатарҳои глобалӣ, пурзур кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон баррасӣ гардида, идомаи ҳамкорӣ бо барномаҳои БОМКА ва КАДАП зарур шумурда шуд.

Лентаи хабарҳо
0