Манижа Давлат бо дӯстонаш дар Фейсбук падруд гуфт

© Фото : Аккаунт в FacebookМанижа Давлат, архивное фото
Манижа Давлат, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар оянда ҳар чӣ иттилооли ҳунарие, ки мутаалиқ ба ман аст, метавонед дар сафҳаи дигар пайдо кунед, ки аз ҷониби администраторҳо идора мешавад, менависад ҳунарпешаи маъруф

ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik.Овозхони маъруфу маҳбуби тоҷик Манижа Давлат бо паёме дар сафҳаи фейсбукиаш бо дӯстони маҷозиаш падруд гуфтааст.

Манижа менависад, ки ин сафҳаро худ як сол пеш мебурд ва аз дӯстии маҷози оламе баҳра бурдааст.

"Дӯстони бениҳоят арҷмандам,тӯли як соли бо шумо дар ин ҷо буданам, мисли оне мемонад,ки як донишкадаи бузургеро таҳсил карда бошаму акнун бо фаҳмиши олӣ он донишкадаро хатм менамоям. Вокеан аз хар якеатон дар алохидагй чизхоеро омухтам,ки дар чанд соли донишгох намеомузанд",- менависад вай.

Тавре овозхон қайд кардааст, вай дигар ба саҳифаи худ дар Фейсбук ворид нахоҳад шуд, аз ҳамин рӯ бо тамоми мухлисону дӯстонаш дар шабака падруд мегӯяд.
Аммо, Манижа Давлат хабар додааст, ки ҳамаи навгониҳои ҳунарашро мухлисонаш метавонанд аз саҳифаи дигар — гурӯҳи Манижа Давлат пайдо кунанд, ки аз ҷониби администраторҳо идора мешавад.

"Ҳамеша саломату сарсабзу муваффақ бошед! Манижаи худатон!",- менависад дар анҷом ҳунарманди маъруф.

Манижа Давлат камобеш 15 сол пеш аз ин рӯи саҳнаи ҳунар омад ва дар муддати кӯтоҳе миёни форсизабонҳо маҳбубияти хос пайдо намуд. Нахустин барномаи ҳунарии ӯ соли 2002 дар "Кохи Борбад" баргузор шуда, соли 2006 ӯ барои анҷоми як консерт ба Афғонистон рафт.

Аммо пас аз ин сафари Афғонистон Манижа Давлат дигар рӯи саҳна наомад ва овозхонӣ накард, вале барои овозхонҳои дигар оҳанг эҷод мекунад.

Вақтҳои охир ҳунарманд аз муносибати бевосита бо мухлисону рӯзноманигорон канор мегирад. Манижа Давлат маҳз ба воситаи ҳамин саҳифа бо ихлосмандонаш иртиботи бевосита мегирифт ва ақидаву навгониҳои худро рӯйи ин саҳифа мекорид. Пайоми Манижа далели он аст, ки вай аз олами маҷозӣ низ дигар худро канор мегирад.

Лентаи хабарҳо
0