ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Мулломухтор Муллоев, коршиноси Раёсати таҳлилу ояндабинии сиёсати дохилӣ дар он Марказ, дар паи пажӯҳиши омилҳои пайвастани шаҳрвандони ҶТ ба гурӯҳу созмонҳои тундраву ифротгаро "манотиқи ифротигарохез"-ро дар нақшаи Тоҷикистон нишон додааст.
Вай дар паи пажӯҳишаш ба ин натиҷа расида, ки "омилҳо ва сабабҳои аслии пайвастани ҷавонон ба ҳаракату созмонҳои ифротӣ, бекорӣ, муҳоҷирати корӣ, омилҳои динӣ, коҳиши вазъи иқтисодӣ, муҳити носолими хонаводагӣ, наёфтани ҷойгоҳи худ дар ҷомеъа, фирефта шудан ба таблиғоти ифротгароён, судури қонуншиканӣ ва ҷиноят ва фирор аз адои ҷазо" ҳастанд.
Ин коршинос гуфта, ки ахиран нисбат ба ду-се соли гузашта мавориди пайвастани ҷавонон ба созмонҳои ифротиву теруристӣ камтар шудааст, дар ин миён ҷунбиши "Салафия" дар шаклҳои пинҳонӣ боқӣ мондааст.
Вай гуфта, ки ҳарчанд мавориди пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ дар ҳма минтақаҳои кишвар ба назар мерасанд, вале бино бар мушоҳидаҳо, минтақаҳои кишварро метавон ба "минтақаҳои осебпазир" ва "минтақаҳои осоишта" ҷудо намуд. Вай "минтақаҳои осебпазир" минтақаҳоеро мешуморад, ки нисбат ба дигар минтақаҳо теъдоди бештаре аз аҳолиашон дар Сурия ҷанг доранд ва ифротгароии динӣ (пайвастан ба ҳаракатҳои «Салафия» ва «Ҳизби таҳрир») авҷ гирифтааст:
Вай аз ноҳияҳои тобеи марказ шаҳри Ваҳдат, ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Нурободро ба ин гурӯҳ ворид кардааст.
Дар вилояти Суғд шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара, Конибодом, Истаравшан, Панҷиканд ва ноҳияҳои Спитаман, Ҷаббор Расулов, Ашт, Бобоҷон Ғафуров ва Масчо "ифротигарохез" дониста шудаанд.
Дар вилояти Хатлон шаҳри Кӯлоб ва ноҳияҳои Шаҳритус, Қубодиён, Бохтар, Ҷалолиддини Балхӣ, Фархор ва Восеъ аз ин "минтақаҳо" шумурда шудаанд.
Дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ноҳияи Ванҷ, бавижа, дараи Язгулом, "ифротигарохез" шинохта шудаанд.
Ин пажӯҳишгар ёдоварӣ карда, ки дигар минтақаҳоро ҳам наметавон комилан "осоишта" шумурд, зеро дар паи муҳоҷирати ҷавонони онҳо ақидаҳои ифротӣ низ дар миёнашон густариш меёбанд. Вай ноҳияи Айниро мисол оварда, ки мавориди пайвастани ҷавононаш ба созмони теруристии ба ном "Давлати исломӣ" ва ҷунбиши "Салафия" бештар аз пеш шудааст.
"Аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ бештар шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Суғд ва Хатлон нисбат ба дигар митқақаҳои кишвар ба минтақаи осебпазири кишвар мубаддал гардидаанд. Ифротагароӣ, аз он ҷумла ифротгароии динӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ аслан дар минтақаҳое авҷ гирифтааст, ки теъдоди ақалиятҳои миллӣ зиёданд", — овардааст ва дар ин пажӯҳиш.
Вай омилҳои асосии гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротиро "бештар ба раванди танзимнашудаи муҳоҷирати корӣ ва дарки нодурусти моҳияти дин" вобаста дониста ва гуфта, ки "дар бештари маврид онҳоро аз рӯи надоштани саводи динӣ фиреб мекунанд".
Мулломухтор Муллоев бар ин бовар аст, ки омили динӣ имрӯз аз ҳама омилҳо ба ҷавонон таъсир мерасонад. Вай ба додаҳои Пажӯҳишгоҳи ҷомеашиносии амрикоӣ "Gallup" аз соли 2011 такя карда, ки бино бар онҳо 85 дарсад аз мардуми Тоҷикистон динро "муҳимтарин омили зиндагии худ" шумурдаанд. Ин омор дар Русия 34 дарсад, дар Қазоқистон 43 дарсад, дар Узбакистон 51 дарсад баровард шудааст.
Вай чунин натиҷа гирифта, ки барои пешгирӣ аз густариши гароишҳои ифротӣ дар ҷомеъа Тоҷикистон дар риштаҳои омӯзишу парвариш ва равоншиносӣ коршинос кам дорад.
Ӯ якчанд мушкили усулӣ дар мубориза бо ифротгароиро шиносоӣ карда, ки яке аз онҳоро "боқӣ мондани падидаи бегонапарастӣ ва бетарафӣ миёни сокинон, аз он ҷумла миёни уламои динии кишвар" донистааст. Ҳамчунин ноҳамгом будани иқдомҳои ниҳодҳо дар омӯзишу парвариши наврасон бо ниёзҳову хостаҳои "асри иттилоъот ва ҷаҳонӣ шудан" хонда шуда ва камбуди коршиносони омӯзишу парвариш ва равоншиносӣ низ аз ин авомил шумурда шудааст.
Коршинос ба ин натиҷа расида, ки Тоҷикистон бояд аз "фирори мағзҳо" пешгирӣ кунад, зеро "кӯч бастан аз кишвар худ нишонаи эътироз аст" ва идома ёфтани раванди фирори мағзҳо дар ояндаи наздик кишварро ба буҳрони кадрӣ дучор мекунад".