ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Ширкати ҳавоии "Ямал" аз иҷозатномаи парвозҳои мунтазами ширкат аз фурудгоҳи Жуковский ба Душанбе ва Хуҷанд маҳрум шудааст.
Бино ба гузоришҳо, далели аз даст додани иҷозатнома — "иҷро накардани ҷадвали парвозҳо дар як мавсими муайянкардаи Анҷумани байналмилалии таробарии ҳавоӣ (IATA) будааст, ки барои иҷрои он иҷоза гирифта шуда буд".
Илова бар ин ширкат аз иҷозатномаи парвоз ба шаҳрзҳои Ош, Бишкек, Прага ва Остона низ маҳрум шудааст.
Дар моҳҳои апрел созмонҳои ҳавонавардии кишварии Русия ва Тоҷикистону ихтилофот бар сари мусофирбарии ҳавоӣ миёни ду кишварро ҳаллу фасл карданд.
Равобити умумии Вазорати таробарии Русия дар иттилоъияе дар ин бора гуфтааст:
"Созмонҳои ҳавонавардии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федеросюни Русия дар паи музокироту ройзаниҳо масоъили мусофирбарии ҳавоӣ миёни ду кишварро ҳаллу фасл карданд ва қарор доданд ҳамкориҳоро судмандро идома бидиҳанд".
Ин давр аз музокирот миёни ҳайъатҳои ҳавонавардии вазоратҳои таробарии Тоҷикистону Русия 10 апрел оғоз ёфта буд, вале пас аз ду рӯз ҳайъати Тоҷикистон даҳ рӯз фурсат хост. Қарор шуд музокирот 22 апрел аз сар гирифта шаванд ва 25 апрел ҳайъати Тоҷикистон боз Маскав омад.