Сафорати Тоҷикистон ҷуробу атласро фурӯхта маблағро ба Чин тақдим кард

© Фото : Аз равобити умумии ВКХ ҶТЯрмаркаи фурӯши маҳсулоти Тоҷикистон дар Чин
Ярмаркаи фурӯши маҳсулоти Тоҷикистон дар Чин - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бо ташаббуси хонум Чиан Вей -ҳамсари вазири корҳои хориҷии Чин Ван И ва вазорати корҳои хориҷии Чин, ярмаркаи хайриявӣ таҳти унвони "Меҳр ба якдигар ҳадду канор надорад – бунёди муштараки бундгоҳи тиббӣ дар Юннан" баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 1 ноя— Sputnik. Ба гузориши равобити умумии Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, ин намоишгоҳ рӯзи 29 октябр баргузор гардидааст.

Сафорати Тоҷикистон бо омода кардани гӯшаи "Тоҷикистон" дар ярмаркаи иштирок карда, маснуоти сузанию гулдузӣ, ҷуроббофӣ ва дигар ҳунарҳои дастию савғотиҳои миллӣ, инчунин атлас, асбобҳои мусиқӣ, либосҳои мардонаю занонаи минтақаҳои гуногуни кишварро ба намоиш гузашта ба фурӯш баровард.

Дар чорабинӣ ҳамчунин дастурхони тоҷикӣ ороста шуда, ба меҳмонон хӯрокҳо ва пухтаниҳои миллӣ пешниҳод гардид.

Маблағи пулии аз фурӯш бадастомада ба мақсадҳои хайриявии ярмаркаи зикршуда – сохтмони муассисаи тиббӣ дар яке аз деҳаҳои музофоти Юннани Чин тақдим карда шуд.

© Фото : Аз равобити умумии ВКХ ҶТНамояндагони вазоратҳои хориҷӣ дар Пекин.
Намояндагони вазоратҳои хориҷӣ дар Пекин. - Sputnik Тоҷикистон
Намояндагони вазоратҳои хориҷӣ дар Пекин.

Дар чорабинии мазкур иштироккунандагон зиёда аз 80 намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии кишвари иқомат ширкат варзиданд ва ҳар як кадом гӯшаи алоҳидаи худро бо маводҳои инъикоскунандаи фарҳангу санъати онҳо ва хӯрокҳои миллиашон доштанд.

Лентаи хабарҳо
0