ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Узбакистон хабари шаҳвранди Узбакистон будани гунаҳкор дар ҳамлаи теруристиро мечанчад.
Дар ин бора намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Узбакистон хабар дод.
"Кормандони консулгарии Узбакистон дар Ню-Йорк бо шабакаҳои расмӣ шаҳрванди Узбакистон будани Сайфулло Саипов, ки дар ҳамлаи терруристӣ дар Ню-Йорк муттаҳам мешавад, месанҷад. То ҳоли ҳозир маълумоти дақиқ дар бораи шаҳварндии ӯ нест", — хабар дод мусоҳиби РИА Новости.
Рӯзи сешанбе ронандаи боркаш дар роҳаш чанде аз дучархасароёнро пахш карду ба автобуси мактабӣ бархӯрд. Дар натиҷа ҳашт кас кушта шуду ёздаҳ каси дигар захмӣ шуд.
Ба гузориши расонаҳои амрикоӣ Сайфуллои 29-сола дар худраваш номаеро мондааст, ки дар он гуфта мешавад, ки ин ҳамла аз номи "Давлати Исломӣ" (мамнӯъшуда Дар Тоҷикистон) ташкил шудааст.
Раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп гуфтааст, ки дар тафтишоти ин ҳодиса пулисро дастгирӣ хоҳад кард.
"Дастгоҳи ман барои тафтишоти ин қазия кумак хоҳад кард, аз ҷумла тафтишот ҳамроҳ бо ФБР", — менависад хабаргузории РИА Новости.