Эмомалӣ Раҳмон ва Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов дар Душанбе дидор мекунанд

© Фото : Аз хадамоти матбуотии раисҷумҳурДидори Эмомалӣ Раҳмон бо Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Интизор меравад, ки дар паи дидору гуфтугӯи сарони Тоҷикистон ва Туркманистон Эмомалӣ Раҳмон ва Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов чандин санади ҳамкории дусӯя имзо карда хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Раиси Ҷумҳурии Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов 2 ноябр бо сафари дурӯзаи расмӣ ба Тоҷикистон хоҳад омад.

"Фардо субҳ дар "Қасри миллат" мулоқоти вижаи раисҷумҳурҳои Тоҷикистону Туркманистон Эмомалӣ Раҳмон ва Қурбонқулӣ Бердимуҳамадов баргузор мешавад ва сипас музокироти ҳайъатҳои ду кишвар бо ширкати раҳбарони давлатҳо дар назар аст", — гуфт Вафо Ниятбекзода, раиси Раёсати иттилоъот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ.

Ба гуфтаи вай, дар паи ин дидору гуфтушунидҳо чандин санади ҳамкории дусӯя имзо хоҳад шуд ва иттилоъияи расмии муштараки сарони ду кишвар барои расонанигорон эълом карда хоҳад шуд.

Ҳамчунин фардо пас аз нимрӯз кишвардори Туркманистон дар маросиме бар пояи тандиси амир Исмоил Сомонӣ гулчанбар хоҳад гузошт.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон сафар кард

"Дар чорчӯби сафари раисҷумҳури Туркманистон ба Тоҷикистон  1 ноябр дар Китобхонаи миллӣ ҳамоиши бозаргонону корофаринони ду кишвар баргузор мешавад", — афзуд Ниятбекзода.

Равобити Тоҷикистон ва Туркманистон бар беш аз 50 қарордоду санаде бунёд ёфта, ки дар солҳои 1993 —2012 имзо шуда ва ҳамкориҳои ду кишварро дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангиву инсонӣ, сармоягузорӣ, молиёт ва гумрук танзим мекунанд.

Гуфтанист, гардиши коло миёни ду кишвар дар соли 2016 камобеш 95 милюн дулорро ташкил дода буд. Тоҷикистон аз Туркманистон асосан фаровардаҳои нафтӣ, рӯғани гиёҳӣ ва семент мехарад. Туркманистон аз Тоҷикистон бештар колоҳои мавриди ниёзи мардум, алюминий ва фаровардаҳои он ва маҳсулоти кишоварзӣ харид мекунад.

Лентаи хабарҳо
0