"Истиқлол"-ро барои бадрафтории мухлисонаш 21 ҳазор дулор ҷарима карданд

© Sputnik / Михаил Мокрушин / Гузариш ба медиабонкТрансляция матча. Архивное фото
Трансляция матча. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дастаи "Истиқлол" дар маҷмуъ аз ҷониби Кумитаи назорат ва тафтишоти КФО барои бадрафтории мухлисонаш 21 ҳазор дулор ҷарима шудааст

ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дастаи "Истиқлол" барои бадрафтории як мухлисаш дар сабқати даста бо "Бенгалуру" д аз ҷониби  Кумитаи назорат ва тафтишоти КФО 7 ҳазору 500 дулори ИМА ҷарима шуд.

Гуфта мешавад, ин мухлиси бадрафтори тим ҳини бозӣ шишаи пластикиеро ба майдон ҳаво додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, чунин рафтори мухлисони дастаи номдори Тоҷикистон бори аввал ба қайд гирифта нушуда, даста барои "меҳмонҳояш" дар сабқатҳо ҷамъоҷамъ 21 ҳазор дулор ҷарима шудааст.

Пештар як мухлиси "Истиқлол" ҳангоми сабқат ба майдони бозӣ баромада будааст, ки барои ин ҳам "Истиқлол"-ро мақомоти интизомӣ 8 ҳазор дулор ҷарима кардаанд.

"Истиқлол" аз мухлисонаш даъват кардааст, ки дар сабқати дарпешистодаи давраи ниҳоии Ҷоми КФО-2017, ки дар шаҳри Ҳисор баргузор мешавад, тартиботи ҷамъиятиро риоя кунанд.

Лентаи хабарҳо
0