Ҷавонони спитамениро аз хатарнок будани ҳаракатҳои ифротӣ ҳушдор доданд

© Sputnik Флаг группировки "Исламское государство" (запрещена в РФ), архивное фото
Флаг группировки Исламское государство (запрещена в РФ), архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зимни вохӯрӣ таъкид гардид, ки барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротӣ бояд корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ҷоннок карда шавад

ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Дар ноҳияи Спитамен бо мақсади пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ бо ҷавонон мулоқот доир шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Ҳукумати вилояти Суғд.

Бино бар иттилои манбаъ, ин мулоқот дар  дар яке аз мактабҳои ноҳия бо мақсади пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ ва ғайриқонунӣ бо иштироки кормандони ҷамоат, мадару модарон, омӯзгорону хонандагон вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохурӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, сардори ШВКД-и ноҳия Зуҳурзода Шамсиддини Боймурод, намояндаи шӯъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен Парвиз Амрихудоев иштирок намуданд.

Зимни вохӯрӣ таъкид гардид, ки барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротӣ бояд корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ҷоннок карда шавад.

Ҳамзамон аз устодони мактабҳо даъват ба амал оварда шуд, ки дар ҳар як вохӯриву чорабиниҳо бо волидайн суҳбатҳо гузаронида, дар таълиму тарбияи ҷавонон беаҳамияти зоҳир накарда, онҳоро дар руҳияи ватандӯстӣ, худогоҳии миллӣ тарбия намоянд. Саривақт ҷавонони гумроҳро аз роҳи хато бозгардонида, ба забономӯзӣ, варзиш, омӯзиши касбу ҳунарҳои миллӣ раҳнамоӣ намоянд.

Лентаи хабарҳо
0