Сарони Русия, Эрон ва Озарбойҷон имрӯз дар Теҳрон дидор мекунанд

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкВизит президента РФ Владимира Путина в Азербайджан
Визит президента РФ Владимира Путина в Азербайджан - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Владимир Путин, Ҳасан Руҳонӣ ва Илҳом Алиев дар бораи ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва инсонӣ ва охирин таҳаввулоти минтақа ва ҷаҳон бо якдигар гуфтугӯ мекунанд

ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Раисҷумҳур Владимир Путин имрӯз бо ҳайъате баландпоя аз масъулини кишвар барои ширкат дар дидори сарони кишварҳои Русия, Эрон ва Озарбойҷон ба Теҳрон меравад.

Сергей Рибаков, муовини вазири умури хориҷаи Русия, имрӯз эълом кард, ки дар раванди боздиди Владимир Путин аз Эрон, теъдоде аз тавофуқҳои муҳим ҳосил хоҳанд шуд.

Визит президента РФ Владимира Путина в Азербайджан - Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба Эрон сафар мекунад

Яке аз ин тавофуқот ёддошти тафоҳумест, ки қарор аст Русия ва Эрон барои ҳимоят аз тарҳи сохтусози хатти лӯлаи гази 1200-килуметрӣ аз Эрон ба Ҳинд имзо кунанд.

Вазири энержии Русия Александр Новак дар ин бора гуфт, ки ширкати русии "Газпром" дар ин тарҳ мушорикат карда ва мумкин аст, ки дар чорчӯби ин тарҳ чанд маъдани газро ҳам истихроҷ кунад. Вай афзуд, ки ширкатҳои ҳиндӣ ва покистонӣ ҳам дар иҷрои ин тарҳ ширкат хоҳанд кард.

Дар ин росто, Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон дирӯз бо ишора ба нишасти сеҷонибаи раисони Ҷумҳурии Исломии Эрон, Русия ва Озарбойҷон дар Теҳрон, ҳамкориҳои минтақаиро бо ҳадафи тавсеаи иқтисодии кишварҳо ва сулҳу субот дар минтақа муфид донист.

Вай афзуд, ки раисҷумҳурҳои Эрон, Русия ва Озарбойҷон қарор аст дар нишасти сеҷонибаи Теҳрон дар бораи ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва инсонӣ ва охирин таҳаввулоти минтақа ва ҷаҳон бо якдигар гуфтугӯ кунанд.

Баҳроми Қосимӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон ҳам баррасии масоили дуҷониба, минтақаӣ, байналмилалӣ, мубориза бо теруризм ва густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро аз меҳварҳои нишасти сеҷонибаи сарони Эрон, Русия ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Теҳрон эълом карда буд.

Аз дигар меҳварҳои ин нишасти сеҷониба, ройзанӣ дар бораи коридори Шимол ба Ҷануб ва низ баррасии иҷрои Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) аст.

Нахустин нишасти муштарак ва сеҷонибаи раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, Русия ва Озарбойҷон августи соли 2016 дар Боку баргузор шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0