ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Бунгоҳи хабаргузорӣ ва родю Sputnik Тоҷикистон ҷоизаи Бонки тавсеъаи уросиёӣ дар озмуни "Ҳамгироии уросиёӣ ва рушду тавсеъа дар садаи XXI"-ро дарёфт кард.
Хабаргузории Sputnik Тоҷикистон ин ҷоизаро дар бахши "Беҳтарин хабарҳои мавзуъии хабаргузориҳо" дарёфт кард.
Маросими эъломи барандаҳои ин озмун чанде пеш дар Маскав дар чорчӯби Ҳамоиши расонаҳои ҳамагонии Уросиё баргузор шуд. Ин ҷоизаро мақоланавис ва хабарнигори Sputnik Тоҷикистон Рубен Гарсия дарёфт кард.
Дар ин озмун 583 мақола аз хабаргузориҳои кишварҳои узви Бонки тавсеъаи уросиёӣ дарёфту санҷида шуд. Озмунро шурое аз коршиносон доварӣ мекард.
Бонки тавсеъаи уросиёӣ (БТУ) бунгоҳи молии байналмилалиест, ки Русия ва Қазоқистон дар соли 2006 барои пуштибонии молӣ аз тавсеъаи иқтисоди бозаргонӣ, мусоидат ба рушди иқтисодии пойдори кишварҳои узв ва густариши равобити иқтисодиву бозаргонӣ миёни онҳо ташкил кардаанд.
Сармояи ойинномаии БТУ 7 милёрд дулори амрикоиро ташкил медиҳад. Ҳамакнун дар ин бонк кишварҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон узв ҳастанд.