ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Ҳукумати вилояти Суғд хабар медиҳад, ки варзишкорони тоҷик дар сабқати байналмилалии куштии озод соҳиби мақоми аввал шуданд.
Бино бар иттилои манбаъ, ин мусобиқа рӯзҳои 27 — 28 октябр дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд.
Гуфта мешавад, ки дар маросими ихтитомияи ин мусобиқот муовини аввали раиси вилояти Суғд Рустам Раҳматзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Олимҷон Зоҳидзода ва мураббии хидматнишондодаи Русия Муҳаммад Ҳусейнов ба ғолибон ҷоизаҳои ёдгорӣ, медал, ифтихорнома ва ҷоизаҳои нақдӣ тақдим кардаанд.
Дар ин мусобиқа аз ҷиҳати ишғоли ҷойҳои намоён ва миқдори медалҳои ба дастовардаи варзишгарон ба ҳисоби миёна ҷойи аввалро куштигирони тоҷик, ҷои дувумро куштигирон аз Русия ва ҷойи севумро варзишкорони қирғиз соҳиб шуданд.
Меҳмонон ва варзишгарони хориҷӣ барои ташкили чунин мусобиқаи байналмилалӣ аз мизбонон сипосгузорӣ кардаанд.