Сафорати Тоҷикистон кушташудагон дар Саратовро шиносоӣ кард

© Commons.wikimediaПосольство Таджикистана в Москве, архивное фото
Посольство Таджикистана в Москве, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия эълом кард, ки ҳама осебдидагон дар бархӯрди худравҳо дар вилояти Саратов шаҳрвандони ҶТ ҳастанд

ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳувияти чаҳор тан аз панҷ шаҳрванди Тоҷикистонро шиносоӣ кард, ки дар паи бархӯрди мусофирбару боркаш дар вилояти Саратов кушта шудаанд.

Пассажирский автобус перевернулся под Тулой. Кадры с места ДТП - Sputnik Тоҷикистон
Панҷ муҳоҷири тоҷик дар Русия кушта шуданд

Дар ин сонеҳа 11 шаҳрванди Тоҷикистон куштаву захмӣ шудаанд, ки ному нишонашон дар зер оварда мешавад:

Кушташудагон:

1. Ҷӯраев Суннатуло Маҳмудович, зодашуда дар торихи 10.06.1996, аз ноҳияи Шаҳритус;

2. Амонов Шералӣ Маҳмадалиевич, зодашуда дар торихи 26.11.1988, аз ноҳияи Ҷайҳун;

3. Хидирзода Шерзод Ашӯр, зодашуда дар торихи 11.07.1994, аз ноҳияи Панҷиканд;

4. Бобомуродов Илҳомҷон Хайруллоевич, зодашуда дар торихи 16.12.1988, аз ноҳияи Шаҳринав;

5. Ному нишони ҷонбохтаи панҷум ҳануз пайдо нашудааст.

Захмишудагон:

1. Зувайдуллоев Далер Маҳмадуллоевич, зодашуда дар торихи 18.05.1988, аз ноҳияи Данғара. Дар бемористони вилоятӣ дар вазъи вазнин қарор дорад.

2. Тӯраев Абдухолиқ Амоналиевич, зодашуда дар торихи 08.03.1998, аз ноҳияи Ёвон. Дар бахши шикастабандӣ дар ҳолати миёнаи вазнин бистарӣ аст.

3. Сулаймонов Ифтихорхӯҷа Маҳмадшарифович, зодашуда дар торихи 28.04.1981. Дар бунгоҳи пизишкии фаврии бемористони вилоятӣ бистарӣ шудааст.

4. Рустамов Заминҷон, зодашуда дар торихи 12.08.1995, дар бахши эҳёи бемористони ноҳияи Петровск дар вазъи вазнин бистарӣ аст.

5. Фаёзов Толиб Муҳаббатович, зодашуда дар торихи 16.04.1984. Бо камари шикаста дар ҳолати миёнаи вазнин дар бемористони Петровск бистарӣ аст.

6. Меликов Хуршед Имомқулович, зодашуда дар торихи 15.02.1998, бо осеби мағзи сар дар ҳолати собит дар бемористони ноҳияи Петровск бистарӣ аст.

Сафорати Тоҷикистон бо хонаводаву наздикони қурбониёни ин садама ҳамдардӣ карда, дархост кардааст, ки барои маълумоти бештар бо ин телефонҳо дар тамос шаванд:

Дар Тоҷикистон: 44 640 19 51

Дар Маскав: +7 926 255 09 27

Дар Саратов: +7 962 616 30 62

Ёдоварӣ мекунем, ки дар паи бархӯрди худравҳои борбари "КамАЗ" ва мусофирбари "Volkswagen Caravelle", ки 30 октябр дар ноҳияи Петровск аз вилояти Саратов рух дод, 11 шаҳрванди Тоҷикистон осеб дид.

"Бино ба додаҳое, ки мо дорем, дар ин бархӯрд 11 кас осеб дида, ки аз онҳо 5 касашон кушта шуда ва 6 касашон бо захмҳои гуногун дар бемористонҳои ноҳияи Петровск ва шаҳри Саратов бистарӣ шудаанд. Вазъи ин захмишудагон бисёр вахим аст. Пизишкон кӯшиш доранд вазъашонро собит гардонанд то бишавад ҷонашонро аз марг наҷот дод", — гуфт Александр Колоколов, намояндаи Идораи тандурустии вилояти Саратов.

Мусофирбари "Volkswagen Caravelle" ва "КамАЗ" дишаб, соати тақрибан 23 дар 558-умин килуметр аз бузургроҳи Саратов — Нижний Новгород бархӯрд кардаанд. Пулиси роҳнамоӣ аз панҷ куштаву шаш захмӣ дар ин бархӯрд гузориш додааст. Бино ба иттилоъи Созмони умури изтирории Саратов, ҳама кушташудагону захмишудагон шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд.

Бино ба иттилоъи пулиси роҳнамоӣ, гунаҳкори бархӯрд ронандаи 28-солаи КамАЗ аст, ки роҳро барои мусофирбар озод кардаанд. Пулис ин қазияро пайгирӣ дорад.

Лентаи хабарҳо
0