ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Бозии ниҳоӣ барои Ҷоми Конфедеросюни футболи Осиё — AFC-2017 рӯзи 4 ноябр соати 18:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор оғоз меёбад.
Ба гузориши Федеросюни футболи Тоҷикистон, бозии дастаҳои "Истиқлол" ва "ал-Қуввату-л-Ҷаввия" ё "Нерӯи ҳавоӣ"-ро сардовар Муҳаммад Абдуллоҳ Ҳасан Муҳаммад ва ёваронаш Муҳаммад Аҳмад Юсеф Абдуллоҳ ал-Ҳаммодӣ ва Ҳасан Муҳаммад Ҳасан Абдуллоҳ ал-Маҳрӣ аз Иёлоти Муттаҳидаи Арабӣ доварӣ хоҳанд кард.
Бозии ниҳоии Ҷоми AFC-2017 моҳиятан дувумин мусобиқаи муҳими бошгоҳии Осиё аст. Ҷоизаи он 1,5 милюн дулори амрикоист. Дастае, ки дар ин бозӣ пирӯз мешавад, 1 милюн дулор ва ҳамовардаш 500 ҳазор дулор ҷоиза дарёфт хоҳад кард.
Билетҳои бозии "Истиқлол" ва "Нерӯи ҳавоӣ" дар билетфурӯшиҳои Варзишгоҳи марказии Душанбе ва Варзишгоҳи марказии Ҳисор фурӯхта мешаванд.
Ҳамчунин футболдӯстон метавонанд билетҳоро аз фурӯшгоҳи расмии "Истиқлол" — дукони "Joma" дар хиёбони Рӯдакӣ, 85 харид кунанд.
Билетҳои бозии ниҳоии Ҷоми AFC — 2017 барои бахшҳои 1-ум ва 2-юм дар варзишгоҳ 20 сомонӣ ва барои бахшҳои дигар 10 сомонӣ арзиш доранд.
Варзишгоҳи марказии Ҳисор чаҳор бахш дорад: Шимол, Ҷануб, Ғарб ва Шарқ. Тамошобинон дар бахшҳои 1-ум то 7-ум ҷой хоҳанд гирифт.
Пеш аз оғози бозии футбол миёни дастаҳои "Истиқлол" ва "ал-Қуввату-л-Ҷаввия" барномаи консертии ҳунарпешаҳои тоҷик пешкаши тамошобинон хоҳад шуд.