Шаш соли ҳукми зиндон ба ҷавоне, ки ҳамсабақашро кушт (НАВОР)

Обуна шудан
Додгоҳи ноҳиявии Тошканд нисбати парвандаи куштори донишҷӯи Коллеҷи тиббии Тошканд Ҷасурбек Иброҳимов ҳукм содир кард

Парвандаи пурсарусадои куштори як донишҷӯ дар Тошканд пӯшида шуд. Додгоҳи ноҳиявии Тошканд нисбати парвандаи куштори донишҷӯи Коллеҷи тиббии Тошканд Ҷасурбек Иброҳимов ҳукм содир кардАйбдоршаванда Ислом Тулягаев ба шаш соли зиндон маҳкум шуд.

Чанде пеш дар Додгоҳи ноҳияи Миробод дар пойтахти Узбакистон нахустин ҷаласаи баррасии парвандаи куштори донишҷӯи Коллеҷи пизишкии Тошканд Ҷасурбек Иброҳимов баргузор шуд. Дар ин муҳокима, ки 3 соат давом кард, хабарнигорони бархе аз расонаҳо низ ширкат карданд. Дар курсии муттаҳамон Исломбек Тӯлаганови 18-сола нишаста буд, ки бо моддаи 104, қисми 3 Қонуни кайфарии Узбакистон "Осебрасонии шадиди ҷисмонӣ, ки марги осебдидаро дар пай доштааст" муттаҳам мешавад.

Дар ин ҷаласа додгоҳ арзи падару модари Ҷасурбекро расидагӣ кард.

Донишҷӯи Коллеҷи пизишкии Тошканд Ҷасурбек Иброҳимов аввоили моҳи июли имсол аз захмҳое, ки аз лату кӯб аз дасти ҷавони дигаре бардошта буд, ҷонашро аз даст дода буд. Ин рухдод дар Узбакистон зуд расонаӣ шуд ва вазири тандурустӣ раёсати ин коллеҷро аз симат барканор кард.

Модари Ҷасурбек ба раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев шикоят бурд, ки мақомоти интизомӣ дар пайгирии ин куштор камкорӣ мекунанд. Мардуми Тошканд дар паи ин куштор даст ба тазоҳуроти худҷӯш заданд ва аз мақомот талаб карданд, ки гунаҳкорони ин ҳодисаро муҷозот кунанд.

Лентаи хабарҳо
0