Расонаҳои Узбакистон аз фарзанди севуми Ислом Каримов хабар доданд

© Facebook / Лола КаримоваПервый президент Узбекистана Ислам Каримов с дочерью, архивное фото
Первый президент Узбекистана Ислам Каримов с дочерью, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Расонаҳои Узбакистон хабар доданд, ки Ислом Каримов соҳиби фарзанди дигаре- писар низ будааст

ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Расонаҳои Узбакистон бори аввал аз далелҳои дигари тарҷумаи ҳоли Ислом Каримов хабар доданд: раисҷумҳури марҳуми Узбакистон ба ғайр аз ду духтар, як фарзанди дигар ҳам доштааст, ки то имрӯз ягон манбаи расмӣ  аз он ёдовар нашуда буд.

Бори аввал торномаи расмии Маҷмааи маърифативу илмии Ислом Каримов дар тарҷумаи ҳоли аввалин раисҷумҳури Узбакистон менависад, ки вай соҳиби се фарзанд ва шаш набера буд.

"Ислом Каримов соҳиби се фарзанд ва шаш набера буд, ки дидору мулоқот бо онҳо доим барояш шодиву фараҳ мебахшид",- омадааст дар торнома.

Хабаргузории kun.uz  дар такя ба бахши узбакии "Википедия" гузориш медиҳад, ки  Ислом Каримов бори аввал 1-уми марти соли 1960 ба  Наталья Петровна Кучма ном зане оиладор шудааст.

Бино бар гузориши манбаъ, онҳо  соҳиби як писар шуда,  аз ҳам ҷудо мешаванд. Аммо дар тарҷумаи ҳоли расмии Ислом Каримов дар бораи хонаводаи якуми вай ва фарзандаш маълумоте наомадааст.

Гуфта мешавад Ислом Каримов бори дуввум Татяна Акбаровнаро ба занӣ мегирад. Аз ин никоҳ Ислом Каримов ду духтар дорад: Гулнора Каримова(соли таваллудаш 1972) ва Лола Каримова (1978).

Ҳамсари аввали Каримов- Наталя Кучма соли 2008 дар Тошканд вафот кардааст. Писари онҳо- Петр Каримов айни ҳол дар вилояти назди Маскав истиқомат мекардааст.

Лентаи хабарҳо
0