Вазири молияи Покистон пас аз ҳамоиш дар Душанбе ба кишвараш бар нагашт

© AFP 2023 / AAMIR QURESHIМинистр финансов Пакистана Исхак Дар, архивное фото
Министр финансов Пакистана Исхак Дар, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Яке аз вазирони ҳукумати Покистон аз тариқи Тоҷикистон аз кишвараш фирор кардааст

ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, манобеи хабарӣ ва сиёсии Покистон тайид карданд, ки Исҳоқ Дор, вазири хазонадории Покистон пас аз ширкат дар нишасте дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, ба ватанаш барнагштааст.

Исҳоқ Дор дар Конфронси барномаи ҳамкориҳои минтақаии иқтисодии Осиёи Марказӣ, ки 27 октябр дар Душанбе баргузор шуд, ширкат дошт.
Гуфта мешавад, вай аз Душанбе роҳии Арабистон шуда ва аз онҷо ба Англия рафтааст.

Дар ҳамин ҳол, вакили мудофеи вазири хазонадории Покистон гуфтааст, ки муваккилаш барои дармони беморӣ ба Лондон рафтааст.

Ин дар ҳолест, ки иқдомоти Исҳоқ Дор дар Покистон, ки аз аъзои аршади Ҳизби Маслими лигаи шохаи Навоз аст, дар чорчуби парвандаи фасоди молии Навоз Шариф, нахуствазири собиқи ин кишвар, таҳти тафтишу баррасии додгоҳӣ аст.

Навоз Шариф ҳам, ки ба иттиҳоми фасоди молии худ ва аъзои хонаводааш аз мақоми нахуствазирӣ барканор шуд, дар Арабистону Британия зиндагӣ мекунад.

Лентаи хабарҳо
0