ВУД: маъмур меҳмонхонаро ба фоҳишахона табдил дод

© Flickr \ Kiran FosterСвязанные руки
Связанные руки - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони милиса зани 59-солаеро бо гумони даст доштан дар ташкили фоҳишахона дар меҳмонхона дастгир карданд

ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гузориш медиҳад, ки маъмури меҳмонхонаеро бо гумони даст доштан дар ташкили фоҳишахона дар ҷойи кор боздошт кардааст.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 59-солаи сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, маъмури (администратор) яке аз меҳмонхонаҳои шаҳри мазкур ҳамчун гумонбар дар ташкил ва нигоҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуд.

Номбурда, рӯзи 30-юми октябри соли 2017, ҳуҷраҳои меҳмонхонаи мазкурро ба фоҳишахона табдил дода, ба 3 нафар мард ва 3 нафар зан, сокинони вилояти Хатлон барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз онҳо 330-сомонӣ маблағ гирифтааст.

Нисбати ин ҳолат парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0