Жээнбековро расман барандаи интихобот эълом карданд

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкСооронбай Жээнбеков, архивное фото
Сооронбай Жээнбеков, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тибқи протокол Жээнбеков 920,62 ҳазор ё 54,22 дарсади овозҳоро гирифтааст

ДУШАНБЕ, 30 окт— Sputnik. Комиссияи маркази интихоботии Қирғизистон рӯзи душанбе протоколи ниҳоиро имзо кард.

Тибқи ин протокол Сооронбой Жээнбеков намояндаи ҳизби ҳукмрон (Ҳизби сотсиал демократии Қирғизистон) баранда шуд.

"Тибқи протокол Жээнбеков 920,62 ҳазор ва ё 54,22 дарсади овозҳоро гирифтааст", — хабар медиҳад РИА Новости.

Пештар хабар дода шуд, ки рақиби Жээнбеков номзад аз ҳизби мухолиф Омурбек Бабанов буда, 33,7 дарсади овозҳоро гиифтааст. Дар ҷои сеюм Адахон Мадумаров бо 6,55 дарсади овозҳо қарор гирифт. Дар сатри чаҳорум бахши "бар зидди ҳама" қарор гирифт.

Аллея молодежи и панарамный вид на город Бишкек - Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳур ба рухсатӣ мебарояд, то кор кунад

Номзадҳои дигар аз 0,09 то 2,5 дарсади овозҳоро гирифтаанд.

Интихоботи раисҷумҳур дар Қирғизистон рӯзи якшанбе 15 октябр баргузор шуд. Ба симати муҳимтарин кишвар 11 номзад пешбарӣ шуданд. Ба иттилоъи КМИ Жээнбеков дар бахши аввал аз рақибаш Омурбек Бабанов пеш гузашт.

Имрӯз хабар дода шуд, ки Алмосбек Отамбоев ба рухсатии меҳнатӣ мебарояд.

"Дар давраи рухсатӣ раисҷумҳур нусхаи охирини Стратегияи миллиро барои рушди устувор то соли 2040 коркард хоҳад кард, — омадааст дар хабарнома.

Дар бораи мӯҳлати рухсатии меҳнатӣ маълумот дода нашудааст.

Лентаи хабарҳо
0