ДУШАНБЕ, 30 окт— Sputnik. Дар метрои шаҳри Маскав билети ғайримаъмулӣ — ангуштарии сафолӣ бо хешкории билети "Тройка" ба фурӯш бароварда шуд.
Дар ин бора хабаргузории "Москва" хабар медиҳад.
Ин гуна билетро метавон дар истгоҳи "Пушкинская" дар назди дукони "Гуфтугӯи зинда" ва дар фурӯшгоҳи расмии метрои Маскав харид кард.
Касоне, ки мехоҳанд ангуштарӣ-"Тройка"-ро бихаранд, бояд 2200 рубл пардохт кунанд. Барои мусофирон ду гуна ангуштарӣ пешниҳод мешавад: сафед ва сиёҳ.
Далели гаронии ин "билет" зебафзор ва сувенир будани он гуфта шудааст.
Дар ҳоли ҳозир танҳо 500 дона ангуштарӣ ба фурӯш бароварда шудааст.
Дорандагони ингуна ангуштарӣ метавонад онро ба кортхон наздик оварда аз дарвозаҳои метро гузаранд ва вақташонро барои ҷустуҷӯи билети "Тройка" дар кисаву анбонашон аз даст надиҳанд.