ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии Вазорати корҳои дохилӣ, ҳодиса рӯзи 28 октябр ба вуқӯъ пайвастааст.
Марди 52-солаи сокини шаҳри Ҳисор рӯзи 28-уми октябри соли 2017, дар манзили истиқоматиаш аз сабаби муноқишаи оилавии ба миён омада, бо бародараш, марди 41-сола, ҷангу ҷанҷол кардаааст.
Дар натиҷа ин мард бо корди дар дасташ буда, 3-маротиба ба аъзои бадани бародараш задааст.
Дар паи ин зарбаҳо, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.
Ҳамин тавр, дар паи доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 52-солаи сокини шаҳри Ҳисор бо гумони қасдан расонидани зарари ҷисмонӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин қазия парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.