ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Эколог ё бумшиноси ҷавони тоҷик Халил Каримов сазовори ҷоизаи анҷумани "Dallas Safari Club" шудааст.
Ба гузориши расонаҳои тоҷикӣ, ин пажӯҳишгари тоҷик барои саҳми бузургаш дар нигаҳдории ҳаёти ваҳш ин ҷоизаро дарёфт кардааст.
Маросими тақдими ҷоиза 6 январи соли 2018 дар ҳамоиши солонаи ин анҷуман дар Даллас баргузор хоҳад шуд.
Ҷолиб аст, ки ин ҷоизаро дар соли 2007 ба Теодор Рузвелт, 26-умин раисҷумҳури Амрико, барои саҳмгузорӣ дар нигаҳдории боғҳои миллии кишвар тақдим карда буданд
Халил Каримов корманди илмии Барномаи нигаҳдории паланги барфӣ дар Пажӯҳишгоҳи ҷонваршиносии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон аст.
Dallas Safari Club яке аз куҳантарин анҷуманҳои шикоргарон ва нигаҳбонони ҷонварон дар Амрико аст ва ин ҷоизаро аз соли 2005 то кунун ба касоне тақдим мекунад, дар нигаҳбонии ҷонварону зистбумашон саҳми арзанда гузошта бошанд.