ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Варзишкори тоҷик Муҳаммадалӣ Мирзоев дар мусобиқоти вазнабардорӣ рӯи нимкат қаҳрамонии ҷаҳон шуд.
Ин зӯрозмоиро Федеросюни ҷаҳонии вазнабардории сабук (World raw powerlifting federation) дар Маскав баргузор кард.
Муҳаммадалӣ Мирзоев дар вазни 82,5 килуграм қаҳрамони ҷаҳон шуд. Вай дар ин мусобиқот ду медоли тилло — якеро дар вазнабардории қудратӣ ва дигареро дар вазнабардорӣ рӯи нимкат — ба даст овард.
Ин варзишкори панҷикандӣ дар вазни 82,5 кг рекорди ҷаҳониро шикаст ва қаҳрамони мутлақи ҷаҳон шуд.
Дар ин мусобиқа 2 ҳазор вазнабардор аз 32 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, Русия, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон, Арманистон, Озарбойҷон, Эрон, Олмон ширкат карданд.
© Фото : Sport in Tajikistan TAJIK FIGHT CLUBМирзоев Мухаммад-Али, архивное фото
Мирзоев Мухаммад-Али, архивное фото
© Фото : Sport in Tajikistan TAJIK FIGHT CLUB