ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Русия ҳузури низомиашро дар Сурия ба андозае нигаҳ хоҳад дошт, ки барои анҷоми амалиёти озодсозии қаламрави ин кишвар аз гурӯҳи теруристии "Давлати исломӣ" (ДОИШ, ки фаъолияташ дар Русия мамнуъст) кофӣ бошад, гуфт Виктор Бондарев.
"Русия қасд надорад дар қаламрави як кишвари мустақил пойгоҳи низомӣ эҷод кунад. Мо умедворем, ки теруристҳоро то поёни сол пурра несту нобуд кунем ва дар Сурия ба андозае нерӯ мемонем, ки битавонанд аз дубора сар баланд кардани теруристҳо пешгирӣ кунанд", — тавзеҳ дод Бондарев.
Вай афзуд, ки ҳамакнун 95 дарсад аз қаламрави Сурия аз ДОИШ озод шудааст.