ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков гуфт, нишасти сеҷонибаи руасои ҷумҳуриҳои Русия, Эрон ва Озарбойҷон Владимир Путин, Ҳасан Руҳонӣ ва Илҳом Алиев якуми ноябр дар Теҳрон баргузор мешавад.
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон Баҳром Қосимӣ низ дар нишасти расонаӣ дар Теҳрон меҳварҳои нишасти сеҷонибаи сарони Эрон, Русия ва Ҷумҳурии Озарбойҷонро эълом кард.
"Баррасии масоили дуҷониба, минтақаӣ, байналмилалӣ, мубориза бо теруризм ва густариши ҳамкориҳои дуҷониба аз меҳварҳои ин нишаст аст", — гуфт вай.
Косимӣ афзуд, ин нишаст фурсати бисёр хубест, то мақомҳои олирутба дар бораи маҷмуаи масоиле, ки ҳар се кишвар ва минтақа бо онҳо рӯ ба рӯст, ройзанӣ ва мушовираи ҷиддӣ дошта бошанд.