ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Ҷашнвораи милалу фарҳангҳо дар Акадеими мудирияти ВУД Русия 26 октябр баргузор шуд, гузориш медиҳад равобити умумии ВУД Русия.
Дар ин ҷашнвора донишомӯзон аз панҷ кишвар — Тоҷикистон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Муғулистон, ширкат карданд.
Дастаи донишомӯзони тоҷикистонӣ ба раҳбарии сарҳанг Сайфулло Ҳабибов дар мусобиқаҳои варзишӣ ва ҳунарии ин ҷашнвора пирӯз шуд.
Ҳар дастае фарҳангу ҳунари кишвари худ, аз он ҷумла дар ошпазӣ ва варзишро ба намоиш гузошт. Ҳунарнамоии дастаҳоро доварони ҳирфаӣ арзёбӣ карданд.
Ширкаткунандагон дар ин ҷашнвора, меҳмонон ва мизбонон ин барномаро "ҷашни фарҳанги башардӯстӣ ва ваҳдати инсонӣ" хондаанд.