ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Афғонистон ба Тоҷикистон пешнависи қарордоди ҳамкорӣ дар заминаи таробарии колову мусофирро дода ва хостори афзоиши гардиши коло ва ҳамлу нақл бо кишварҳои Осиёи Марказӣ аз роҳи Тоҷикистон аст.
Саидвалӣ Султон гуфт, пешнависи қарордод омода шуда ва барои имзо ба вазоратҳои таробарии ду кишвар фиристода шудааст.
"Мо бо Тоҷикистон ҳеч мушкиле надорем. Роҳамон барои ронандаҳои тоҷик боз аст. Агар онҳо мехоҳанд ху борашонро то Кобул бирасонанд, бифармоянд, бибаранд. Мо барояшон монеъ эҷод намекунем", — гуфт Саидвалӣ Султон дар суҳбат бо родю Sputnik.
Вай ҳамчунин ёдоварӣ кард, ки ҳарчанд роҳҳо дар бархе аз манотиқи афғонистон амн нестанд, вале давлат бо гурӯҳҳои қонуншикану ҳаросафкан ба шиддат мубориза мекунад то ҳамлу нақл дар роҳҳоро озоду бебим кунад.