Хашми корбарони интернет аз шеърҳои таҳқиромез дар истгоҳҳои Маскав

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкАвтобусная остановка, архивное фото
Автобусная остановка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати нақлиёти Русия гуфт, ки ба шеърҳои теҳқиромез дар бораи тоҷикон рабте надорад ва аз ҷонибии ин ниҳод ягон барномаи шеърнависӣ дар бораи тоҷикон гузаронида намешавад

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Корбарони Facebook-ро шеърҳои таҳқиромезе, ки дар бораи тоҷикон навишта шуда ва дар яке аз истгоҳҳои шаҳри Маскав насб шудааст, ба хашм овард.

Дар ин шеър дар бораи "тоҷики нобакору баду чиркине", ки дар Маскав ба сар мебарад, сухан меравад. Шеър дар рӯи қоғазе бо рамзи Вазорати нақлиёти Русия нашр шудааст.

© Фото : Muzaffar ImomdodСтих о мигрантах на остановке в Москве
Стих о мигрантах на остановке в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Стих о мигрантах на остановке в Москве

Корбарони интернет ин шеърро провокатсионӣ хонданд.

"Ин воқеъият надорад. Набояд чунин бошад. Чунин шеърро дар истгоҳ насб кардан, беақлист. Ин шӯрангезие беш нест", — навиштааст корбари интернет.

"Чунин навиштаҷот шӯрангезӣ аст, вале ҳаминаш номаълум ки кӣ ин корро мекунад ва ба хотири чӣ", — савол мегузорад корбари дигаре.

Чуноне ба Sputnik Тоҷикистон аз Вазорати нақлиёти Русия хабар доданд, ин ниҳод ба овезаҳо ва шеърҳои таҳқиромез рабте надорад ва дар айни замон аз ҷониби вазорат барномае дар ин росто гузаронида намешавад.

Корманди вазорат ҳамчунин қайд кард, ки рақами телефоне, ки дар ин навиштаҷот навишта шудааст, кор намекунад.

Лентаи хабарҳо
0