ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Ба гузориши равотбити ҳукумати вилояти Суғд, Аз 25 то 27 октябри соли равон семинари омўзишии вилоятӣ оид ба атласу адрасбофӣ, қуроқдўзӣ, зардўзӣ, қолинбофӣ ва сўзанидўзӣ бо иштироки ҳунармандон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор шуд.
Бино ба иттилои манбаъ семинари мазкур дар паи дастуру супоришҳои раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ баргузор гардидааст.
Дар семинар 60 нафар ҳунармандони ҷавон таи се рӯз дар КВДК "Истироҳатгоҳи солимгардонии кўдакон, наврасон ва ҷавонони ба номи 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"-и ноҳияи Ҷаббор Расулов аз ҳунармандони номӣ асрори атласу адрасбофиро омўхтанд.
Дар рӯзи дуюми семинар баҳри баланд бардоштани малакаи касбии хеш иштирокчиён аз Муассисаи давлатии Қасри маданияти Арбоб дидан намуда, бо ҳунармандони Маркази атласу адрасбофии дастии "Арбоб" аз наздик шинос шуданд.
Инчунин, иштирокчиёни семинар Маҷмааи таърихӣ — фарҳангии "Истиқлол", Осорхонаи таърихӣ ва боғи Камоли Хуҷандиро дар шаҳри Хуҷанд тамошо карданд.
Рўзи сеюми семинар барои иштирокчиёни семинар барномаи фарҳангӣ манзур шуд, ки дар он муовини раиси вилоят Назира Ғаффорӣ ва шоири Халқии Тоҷикистон Фарзона низ иштирок намуданд.