Гузориши аксӣ аз ҳунарнамоии Манижа Сангин дар Маскав

Обуна шудан
Шоми 27 октябр, овозхони номдори тоҷики муқими Русия-Манижа Сангин дар толори зеботарини Маскав "Дом Союзов" барномаи ҳунариашро пешкаши мухлисонаш гардонид.

Ба консерти Манижа Сангин ҷавонони Маскав, ки дар шабакаҳои Instagram ва Facebook эҷодиёт ва зиндагии овозхони дӯстдоштаи худро пайгирӣ мекунанд, омада буданд.

Нафаре бо дӯстдухтар, дуюмӣ ҳамроҳи ҳамсинфон ва дигаре ҳам ҳамроҳи рафиқон.

Концерт Манижи в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Манижа Сангин бо ҳунарнамоияш маскавиҳоро "ба по" хезонд
 

Толори "Дом союзов" ҷои барҳавоеро мемонд, ки бо ивазшавии ҳар суруду мусиқӣ бо ҷилоҳои рангоранг тамошобинонро ба дунёи ғайримаъмулии Манижа ворид мекард.  

Агар бархеро овозу ҷаззобияти худи Манижа тасхир карда бошад, дигаронро қобилияти ташкилотчигӣ ва озод будан дар саҳна ба ваҷд овард. Ҳар нафаре, ки дар консерти Манижаб уд, ё дар телефонаш акс мегирифт, ё ба навораш мегирифт, ё бо ишораи Манижа ва навозандагон ба рақс медаромаду бо кафкӯбиҳои пурмавҷ ҳунарнамоии Манижаро қадр мекард.

Манижа бошад қабл аз шурӯъи ҳар як суруд ва бахусус сурудҳои тозаэҷодаш каме дар бораи таърихи пайдоиши онҳо ва ё сабаби пайдошавии ин ё он суруд нақл мекард. Масалан дар бораи суруди "Изумруд", ки суруди тозаэҷодаш ҳаст Манижа гуфт, ки ба ин шеър меҳри хоссае доад.

© Sputnik / Стас ЭтвешБа консерти Манижа Сангин ҷавонони Маскав, ки дар шабакаҳои Instagram ва Facebook эҷодиёт ва зиндагии овозхони дӯстдоштаи худро пайгирӣ мекунанд, омада буданд.
Консерти Манижа Сангин дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон
1/6
Ба консерти Манижа Сангин ҷавонони Маскав, ки дар шабакаҳои Instagram ва Facebook эҷодиёт ва зиндагии овозхони дӯстдоштаи худро пайгирӣ мекунанд, омада буданд.
© Sputnik / Стас ЭтвешШоми 27 октябр, овозхони номдори тоҷики муқими Русия-Манижа Сангин дар толори зеботарини Маскав "Дом Союзов" барномаи ҳунариашро пешкаши мухлисонаш гардонид.
Консерти Манижа Сангин дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон
2/6
Шоми 27 октябр, овозхони номдори тоҷики муқими Русия-Манижа Сангин дар толори зеботарини Маскав "Дом Союзов" барномаи ҳунариашро пешкаши мухлисонаш гардонид.
© Sputnik / Стас ЭтвешБа консерти Манижа Сангин ҷавонони Маскав,нафаре бо дӯстдухтар, дуюмӣ ҳамроҳи ҳамсинфон ва дигаре ҳам ҳамроҳи рафиқон омада буданд.
Консерти Манижа Сангин дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон
3/6
Ба консерти Манижа Сангин ҷавонони Маскав,нафаре бо дӯстдухтар, дуюмӣ ҳамроҳи ҳамсинфон ва дигаре ҳам ҳамроҳи рафиқон омада буданд.
© Sputnik / Стас ЭтвешТолори "Дом союзов" ҷои барҳавоеро мемонд, ки бо ивазшавии ҳар суруду мусиқӣ бо ҷилоҳои рангоранг тамошобинонро ба дунёи ғайримаъмулии Манижа ворид мекард.
Консерти Манижа Сангин дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон
4/6
Толори "Дом союзов" ҷои барҳавоеро мемонд, ки бо ивазшавии ҳар суруду мусиқӣ бо ҷилоҳои рангоранг тамошобинонро ба дунёи ғайримаъмулии Манижа ворид мекард.
© Sputnik / Стас ЭтвешТамошобинон сурудҳои тозаэҷоди Манижаро хуш пазируфтанду бо садо додани "браво" ва қарсакзаниҳои бепоёну тақдими гулдастаҳо меҳри худо ба овозхони дӯстдоштаашон баён мекарданд.
Консерти Манижа Сангин дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон
5/6
Тамошобинон сурудҳои тозаэҷоди Манижаро хуш пазируфтанду бо садо додани "браво" ва қарсакзаниҳои бепоёну тақдими гулдастаҳо меҳри худо ба овозхони дӯстдоштаашон баён мекарданд.
© Sputnik / Стас ЭтвешМанижа аз ҳар як дастгирию кафкӯбиҳои мухлисон ба ваҷд меомаду ҳатто ҷое ҳам ашки шодӣ рехт. "Ташаккур ки ба ман имконият медиҳед, чунин лаҳзаҳои фараҳбахшро дар зиндагӣ аз сар гузаронам", — изҳори миннатдорӣ мекард Манижа.
Консерти Манижа Сангин дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон
6/6
Манижа аз ҳар як дастгирию кафкӯбиҳои мухлисон ба ваҷд меомаду ҳатто ҷое ҳам ашки шодӣ рехт. "Ташаккур ки ба ман имконият медиҳед, чунин лаҳзаҳои фараҳбахшро дар зиндагӣ аз сар гузаронам", — изҳори миннатдорӣ мекард Манижа.
Лентаи хабарҳо
0