ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Бунгоҳи моделии New Era хабар медиҳад, ки бори аввал дар Тоҷикистон озмуни зебогии кӯдакон, наврасон ва ҷавононро баргузор мекунад.
Бино бар иттилои манбаъ, озмун дар панҷ номинатсия баргузор гардида, дар он аз кӯдакони 3-сола то ҷавонони 22-сола ширкат варзида метавонанд. Озмуни зебогӣ "Озмуни зебоӣ ва истеъдоди хонумон ва ҷанобони Тоҷикистон" унвон шудааст. Созмондиҳандаи он бунгоҳи моделии New Era мебошад.
Ғолибони озмун бо шаҳодатнома ва тӯҳфаҳо сарфароз хоҳанд шуд. Ҳамчунин ғолибон метавонанд дар курсҳои гуногуни бунгоҳи моделӣ ройгон таҳсил кунанд.
Пештар бунгоҳи моделҳои New Era дар заминаи ҳамкорӣ дар соҳаи мӯд бо Анҷумани фарҳангӣ ва Маркази таҳиягарии тарроҳони Куреи Ҷанубӣ қарордод баста буд.
Созишнома пас аз сафари кории мудири New ERA Fashion House & Producer Center Ниссо Қаюмова ба имзо расид.
"Бунгоҳи моделҳои мо ба намояндагони фарҳанги Куреи Ҷанубӣ ҳангоми баргузор намудани шоми фарҳангӣ бахшида ба 25-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Ҷумҳурии Куре писанд омада буд. Дар натиҷа пас аз намоиши тарҳи ҷадид аз New ERA ин қарордод баста шуд",- гуфта буд Ниссо Қаюмова.