Ҳама патент дорад: дар Русия шумораи муҳоҷирони ғайриқонунӣ коҳиш ёфтааст

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкУсиление мер безопасности в Москве
Усиление мер безопасности в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Пас аз азсаргирии идораи қавонини муҳоҷират аз ҷониби ВКД Русия, шумораи муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз 3,9 то 2,3 милюн нафар коҳиш ёфтааст

ДУШАНБЕ, 27 окт— Sputnik. Дар Русия шумораи муҳоҷирони ғайриқонунӣ кам шудааст. Дар ин бора равобити умумии ВКД Русия хабар медиҳад.

Ба гуфти муовини мудири раёсати ВКД оид ба масоили муҳоҷиратӣ, Андрей Краюшкина шумораи муҳоҷирони ғайриқоуннӣ аз 3,9 то 2,3 милюн нафар камтар шудааст.

"Агар то воридшавии Кумитаи муҳоҷират ба зертобеъияти ВКД 3,9 муҳоҷир ғайриқонунӣ дар Русия буду бош дошта бошад, айни замон аз рӯи омор ин шумора то 2,3 милюн коҳиш ёфтааст, — гуфт ӯ.

Аждар Куртов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Бастани сарҳад бо ОМ-роҳ ба сӯи муҳоҷирати ғайриқонунӣ аст

Тибқи иттилоъи ВКД аз авоили соли 2017 ба Русия 14 милюн шаҳрванди хориҷӣ омада ва 11,7 милюн хоки Русияро тарк кардааст. Ин нишондодҳо нисбати ҳамин давраи соли гузашта камтар мебошад.

Қисми бештари шаҳрвандони хориҷӣ — 67 дарсадро зодагони Осиёи Марказӣ ташкил медиҳанд. Шумораи шаҳрвандони кишварҳои Иттиҳоди Урупо дар Русия 10,9%, Чин — 8,5%-ро ташкил медиҳад.

"Қисми бештари муҳоҷирон то имрӯз аз Украина — 19,4%, Узбакистон — 14,2%, Қазоқистон — 9,9% ба Русия омадаанд", — хабар дод Краюшкин.

Пештар хабар дода шуд, ки арзиши патент дар Маскав то 7% — аз 4200 то 4500 рубл афзуд. Дар баробари ин Вазорати меҳнати Русия пешниҳод карда, ки бурсияҳоро барои муҳоҷирон то 20% камтар кунанд.

Лентаи хабарҳо
0