ДУШАНБЕ, 27 окт— Sputnik. Аз рӯи қазияи латту кӯби духтари 12-солаи тоҷик дар Сургут парванди дуюми ҷиноӣ боз шудааст.
Дар ин бора равобити умумии Кумитаи тафтишотии Ханти-Мансийск хабар медиҳад.
"Дар чорчӯби бозҷӯӣ ва баргузории ташхиси тиббӣ-додгоҳӣ муайян шудааст, ки духтарчаи 12-соларо аз дер боз латту кӯб кардаанд. Дар бастагӣ бо ин, қазия парванди нави ҷиноӣ боз шудааст", — омадааст дар хабарнома.
Пештар хабар дода шуд, ки рӯзи 11 октябр сокини шаҳри Сургут ба мақомоти қудратӣ хабар дода, ки дар ҳамсоягии ӯ духтарчае ба сар мебарад, ки аҳволаш изтироровар аст.
Пас аз ин хабар кормандони мақомот аз ин манзил боздид карда, духтарчаи 12-солаи тоҷикро дар ҳоле вазнин дарёфтанд. Ӯро ба бемористон бураднд. Пизишкон пас аз ташхис муайян карданд, ки чанде аз қисми бадани духтарча шикаста ва дар ҷо ҷои баданаш изи сиёҳӣ боқӣ мондааст.
Маълум шуд, ки ин духтаракро ду со қабл аз Тоҷикистон овардаанд ва ӯ ҳамроҳи оилаи аппааш ин ҷо ба сар мебурдааст. Дар баробари ин кӯдак ба мактаб ҳам намерафтааст.
Дар айни замон духтарчаи 12-сола чун қурбонии қазия муайян шуда, барои муайян кардани гунаҳкорон хешовандони ӯ бозпурсӣ мешаванд.