Ба кӯмаки духтарони амрикоӣ Қувваҳои обии ИМА омаданд.
Ин духтарон панҷ моҳ пеш ҳамроҳи ду сагашон аз Гаваев ба ҷазираи Таитӣ сафар карданд. Вале дар вақти вазидани тӯфони баҳрӣ яке аз қисмҳои киштиашон шикаста аз кор бозмонааст.
Хушбахтона духтарон бо худ маҳсулоти зиёди хурданӣ доштаанд, ки онҳо ва сагҳояшонро аз марг наҷот додааст.