Соҳибкоре дар Хуҷанд маркази табобатӣ бунёд кард: раис онро ба баҳрабардорӣ расонд

Обуна шудан
Соҳибкор Шуҳрат Холматов дар шаҳри Хуҷанд маркази табобатии "Афзал" бунёд кард

ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Дар ин бора равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд хабар дода, афзуда, ки ин марказ имрӯз ба баҳрабардорӣ расидааст.

Имрӯз бо ширкати раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар шаҳри Хуҷанд, маркази ташхисӣ — табобатии "Афзал" мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

"Маркази ташхисӣ — табобатии "Афзал" аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Шуҳрат Холматов бо харҷи 2,5 миллион сомонӣ бунёд гардида, он дорои 20 кат, ошхонаву ҳаммом ва дигар шароити зарурӣ мебошад", — омадааст дар хабарнома.

Истеҳсоли чипс дар Бадахшон - Sputnik Тоҷикистон
Чипси бадахшонӣ: соҳибкоре дар Хоруғ коргоҳи истеҳсолӣ бунёд кард

Дар ин марказ 20 нафар мутахассисони соҳаи тиб ба кор ҷалб шудаанд, ки бархе аз онҳо дар Русия ва Куриё таҷриба андӯхтаанд.

Раиси вилоят зимни боздид ба масъулин дастур додааст, ки бояд ташхис, ҷарроҳӣ ва табобати беморон аз ҷониби кормандони ин марказ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шавад.

Абдураҳмон Қодирӣ ба масъулини марказ тавсия додааст, ки бо мақсади дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа ҳар моҳ табобати 2 нафар беморон аз оилаҳои камбизоатро ба тариқи ройгон ба роҳ монанд.

Лентаи хабарҳо
0