Ноҳияи Ҳамадонӣ: аз хурҷини марди аспсаворе 25 кг ҳашиш ёфт шуд

CC0 / Pixabay / Лошадь с сумкой, архивное фото
Лошадь с сумкой, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Гумонбаршаванда савори асп буд ва кормандони ожонс ҳангоми тафтишоти хурҷини мард 25 кг ҳашиш дарёфт карданд

ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Ожонси мубориза бо маводи мухаддир гузориш медиҳад, ки марди аспсавореро ба гумони даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт кардааст.

Бино бар иттилоъи манбаъ, кормандони Ожонс дар вилояти Хатлон хабар ёфтаанд, ки сокини 49-солаи ноҳияи Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, ҷамоати деҳоти Панҷрӯд, деҳаи Сафедоб ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар даст мезанад.

Гумонбаршуда ҳангоми аспсавор дар ҳудуди ноҳияи Восеъ қарор доштанаш боздошт шудааст.

"Ҳангоми тафтишот аз хурҷини аспи марди 49-солаи сокини Ҳамадонӣ 25 кг 95 грамм ҳашиш ёфт шуд", — омадааст дар гузориши ниҳод.

Лентаи хабарҳо
0