Дар Тоҷикистон ҷашнвораи ҷумҳуриявии кӯдакон ва наврасони ҳунарманд ҷамъбаст мешавад

© Фото : Пресс служба президента РТПосещение Вахдата президентом РТ Эмомали Рахмоном
Посещение Вахдата президентом РТ Эмомали Рахмоном - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Даври аввал ва дуюми Фестивал дар минтақаҳо сурат гирифта, ғолибони ин даврҳо дар даври ҷамъбастӣ ҳунару истеъдоди худро намоиш хоҳанд дод

ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Тавре Вазорати фарҳанги Тоҷикистон гузориш медиҳад, дар кишвар ҷашнвораи ҷумҳуриявии кӯдакон ва наврасон ҷамъбаст мегардад.

Бино бар иттилои манбаъ, давраи ниҳоии ҷашнвора 28 октябри соли 2017 соати 14:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ даври " баргузор хоҳад шуд.

Фестивали мазкур дар доираи чорабиниҳои таҷлилии Соли ҷавонон бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои вусъати нерўи эҷодӣ, дарёфти чеҳраҳои нав — овозхонҳо, навозандагон, раққосон, ташвиқу тарғиби ҳунару истеъдодҳои асил дар ҷумҳурӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Даври аввал ва дуюми Фестивал дар минтақаҳо сурат гирифта, ғолибони ин даврҳо дар даври ҷамъбастӣ ҳунару истеъдоди худро намоиш хоҳанд дод.

Лентаи хабарҳо
0