ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Меҳмондори ширкати ҳавопаймоии China Eastern Airlines дар фурудгоҳи байнулмилалии Шэнчжэн "Баоан" аз баландии 2,7 сарозер афтода захмӣ шудааст.
Бино ба гузориши хабаргузории РИА Новости, ин ҳодиса 23 октябр рух додааст. Гуфта мешавад, ки меҳмондор ҳангоми бастани дари ҳавопаймо ва омодагӣ ба парвоз дар масири Шэнчжэн — Кунмин — Тэнчун сарозер шудааст.
"Меҳмондорро кормандони фанние ёфтанд, ки омодагии ҳавопаймо барои парвозро месанҷиданд. Онҳо ёрии таъҷилӣ занг заданд, меҳмондори афтодаро бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ ба бемористон бурд".
Сабаби афтодани меҳмондор аз ҳамопаймо то ҳол маълум нест. Ин қазия ҳамакнун бозҷӯӣ мешавад.
Пас аз ин ҳодиса парвози ҳавопаймо ба таъхир уфтоду чанде пас аз фурудгоҳи Шэнчжэн парвоз кард.