ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Қазияи интиқоли оромгоҳи бархе аз шаҳрвандони номдори Тоҷикистон аз Боғи Айнӣ ба оромгоҳи Лучоб ҳамчунон дар сархатти хабарҳост.
Чанде пеш шаҳрдории Душанбе оромгоҳи раҳбарони Тоҷикистони Шуравӣ Ҷаббор Расулов ва Бобоҷон Ғафуров, академик Муҳаммад Осимӣ, академик Камол Айнӣ ва ҳамсараш Муқаддима Ашрафӣ ва шоир Боқӣ Раҳимзодаро аз Боғи Айнӣ ба оромгоҳи Лучоб мунтақил карда буд.
Ҳарчанд намояндагони шаҳрдорӣ гуфта буданд, ки бозгӯронии номдорони кишвар бо хешовандону наздиконашон ҳамоҳанг шуда буд, вале онҳо мегӯянд касе ин корро бо онҳо ҳамоҳанг накардааст.
"Касе бо мо — на бо модарам, на бо бародарам, на бо бародару хоҳари модарам ва фарзандонашон — тамос нагирифтааст. Мо аз ин кор ҳеч хабаре надоштем ва замоне огоҳ шудем, ки кор аз кор гузашта буд. Мо аз ин корашон сахт шокзада шудем", — гуфт дар бора Ирина Тихонова — набераи Ҷаббор Расулов, ба Sputnik Тоҷикистон.
Аммо шаҳрдории Душанбе мегӯяд, ки хешовандони шаҳрвандоне, ки дар Боғи Айнӣ ба хок супурда шуда буданд, на танҳо аз ҷобаҷо шудани оромгоҳи наздиконашон огоҳ набуданд, балки ризояти худро барои бозгӯронии онҳо низ дода буданд.
Чунончи, расонаҳо 19-уми октябр хабаре мунташир карданд, ки ёвари раисҷумҳур дар умури рушди иҷтимоӣ Абдуҷаббор Раҳмонзода гуфта, ки намояндаҳои Фарҳангистони улуми ҶТ духтари Ҷаббор Расуловро аз интиқоли оромгоҳи падараш ба Лучоб огоҳ карда ва ӯ ҳам ризояташро эълом кардааст.
"Ин гуфта дурӯғ аст. Касе бо модарам тамос нагирифта буд. Мехоҳам аз ҳамон касе, ки чунин иддиъое карда, бипурсам, ки аз кадом як духтари Расулов барои бозгӯронидани ӯ ризоят хостаанд, ки онро дарёфт кардаанд?", — гуфт Ирина Тихонова дар вокуниш ба ин гуфтаҳои Раҳмонзода.
Бояд гуфт кард, шаҳрдории Душанбе имсол тобистон мавзуъи бозгӯронидани ин шаҳрвандони барҷастаро баррасӣ карда буд. Вале масъала ин аст, ки дар ин ҷаласа наздикони на ҳама он шаҳрвандони номдор ширкат кардаанд.
Вале ҳатто ҳамон касоне, ки розӣ ба интиқоли оромгоҳи наздиконашон шуда буданд, масалан, духтари Боқӣ Раҳимзода — Сурайё, аз пинҳонӣ ва бе маросими сӯгворӣ баргузор шудани он нохушнуд шудаанд.
Аммо ин қазия аз ин назар низ ҳассосият пайдо карда, ки маросими бозгӯронӣ бо васияти он даргузаштагон созгорӣ надоштааст. Чунончи, Ҷаббор Расулов коммунист ва атеист буд, аз ин рӯ, бозмондагонаш аз бозгӯронидани ӯ дар гӯристони Лучоб ошуфта шуданд. Онҳо мегӯянд, ки он ҳарчанд оромгоҳи машоҳири Тоҷикистон аст, вале "гӯристони мусулмонон аст, вале Расулов худ васият карда, ӯро коммуниствор ба хок бисупоранд".
Боре, шаҳрдории Душанбе барои ҷобаҷо кардани оромгоҳҳо аз Боғи Айнӣ ба Лучоб чи далелу бурҳон дошт?
Ба эҳтимоли бисёр, ин ҷобаҷоӣ бо бозсозии Боғи Айнӣ пайванд дорад, ки дар паи он дар боғ майдонҳои тафреҳу саргармӣ ва рақс падид хоҳанд омад ва танҳо оромгоҳи устод Садриддин Айнӣ дар он боз хоҳад монд.
Шояд шаҳрдории Душанбе бим дорад, ки чун боғ макони тафреҳу саргармӣ хоҳад шуд, Худо накарда, бархе аз шаҳрвандон шабу нимашабе масту сархуш бар оромгоҳи бузургон беҳурматӣ накунанд.
Вале бахши ёдгории боғро аз бахши саргармиву тафреҳӣ метавон бо деворае ҷудо кард, ки корест осон. Дигар ин ки дар Душанбе ҳатто дар рӯзҳои ҷашну ҷашнвора ҳам ки издиҳом мешавад, камтар касер метавон масту сархуш ёфт, чи расад ба дигар рӯзҳо.
Аз дигар сӯ, бозгӯронидани ҷасад аз дидгоҳи ҳуқуқӣ мушкилоте дорад. Зеро набши қабр ё эксгумасия бе ризояти хешовандони наздик маъмулан танҳо бо қарори додгоҳ ва дар чорчӯби амалиёти бозҷӯӣ муҷозу мумкин аст, магар ин ки оромгоҳ раҳошудаву матрук бошаду пайдо кардани хешовандони хокшудагон имконпазир набошад ва ё сохтусозе дар ҷои оромгоҳ дар нақша гирифта шуда бошад.
Аммо ин маворид барои номдорони хуфта дар Боғи Айнӣ рост намеоянд, зеро хешовандонашон зиндаву шинохташуда ҳастанд ва оромгоҳҳояшон ҳам раҳошуда нестанд.
Аз ин рӯ, ҳарчанд ҷобаҷоии оромгоҳҳо ба далели навсозии боғ ба зоҳир дорои далелу тавҷеҳ аст, аммо дар амал бо дуруштиву ноҳанҷорӣ анҷом мешавад, бавижа бо таваҷҷуҳ ба гуфтаҳои Абдуҷаббор Раҳмонзода.
Хешовандону пайвандони номдорони ҷобаҷошуда ҳам худ намедонанд дар ин пешомад чӣ кор кунанд. Аз як сӯ намехоҳанд ин қазияро бевокуниш бимонанд, вале аз дигар сӯ намехоҳанд, ки пайкари наздиконашон барои севумин бор ҷобаҷо шаванд.
"Агар боз ҳам қабр набш шавад, бояд модару аммаамро аз қазия огоҳ кунем, вале мо намехоҳем онҳо огоҳ шаванд. Онҳо дар дар синну соле ҳастанд, ки, метарсам, ин хабар дар умрашон охирин бошад", — мегӯяд Ирина Тихонова.