ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Тавре дафтари матбуоттии раиси ҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, имрӯз кишвардори Тоҷикистон, раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон чанде аз масъулини вазорат ва ниҳодҳоро ҷо ба ҷо кардааст.
Тавре манбаъ меафзояд, имрӯз бо қарор Ҳукумати кишвар дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Макатаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар Ҳисор тағйироти кадрӣ ба амал оварда шуд.
Чуноне ки гуфта мешавад, бо қарори Ҳукумати ҶТ Саидраҳмон Назризода аз симати муовини якуми вазири рушди иқтисод ба далели ба кори дигар гузаштанаш озод карда шуд ва ба ҷойи вай Завқи Завқизода, ки то имрӯз ба ҳайси ёвари раисҷумҳури Тоҷикистон дар масоли иқтисодӣ фаъолият мекард, нахустмуовини вазири рушди иқтисод таъин гардид.
Ҳамчунин, Шокирҷон Гадоиён аз симати мудири мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар Ҳисор озод карда шуд ва ба ин симат Муҳаммадтоҳир Саидзода таъин гардид.