ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Ба гузориши хадамоти матбуотии ҳукумати вилояти Суғд, ин зӯрозмоӣ дар чорчӯби барномаҳои варзишии Соли ҷавонон дар Тоҷикистон баргузор мегардад.
Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ куштигирон аз Русия, Қазоқистон, Узбакистон, Қирғизистон, Афғонистон ва вилоятҳои Тоҷикистон зӯрозмоӣ хоҳанд кард.
Ғолибони мусобиқа ҷоизаҳои ҳукумати вилояти Суғдро дарёфт хоҳанд кард.
Гуфтанист, дар чорчӯби барномаҳои "Соли ҷавонон" 13 — 14-уми октябр дар шаҳри Гулистон мусобиқаи ҷудо миёни наврасон — дастпарварони муассисаҳои варзишии Тоҷикистон баргузор шуд.
Ҳамчунин 13 — 16-уми октябр дар майдони варзишии "Пахтакор" дар шаҳри Қӯрғонтеппа — маркази вилояти Хатлон, низ мусобиқаи чавгонбозӣ миёни наврасони то 16 сола баргузор шуд.
Дар ин мусобиқа панҷ даста, аз ҷумлу ду даста аз Хатлон, як даста аз Суғд, ва ду даст аз шаҳри Душанбе бо якдигар зӯрозмоӣ карданд.
Саранҷом яке аз дастаҳои Душанбе бар ҳамовардонаш пирӯз шуда ва мақоми дувумро дастаи Суғд ба даст оварда ва мақоми севум аз они дастаи Хатлон шудааст.